Баргузории ҷашни солрӯзи мелоди Имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар Тоҷикистон
Ба муносибати мелоди ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ҷашн дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва бо ҳузури густардаи эрониёни муқими Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросим, ки бо барномаҳои мутанавеи фарҳангӣ ҳамроҳ буд, ашъор дар бораи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) хонда шуд.
Дар ин ойини бошукуҳ Муҳамммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суханоне дар хусуси фазоили моҳи мубораки Рамазон ва табйини абъоди мухталифи шахсияти ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) гуфт: Муҳимтарин вижагии ин имоми ҳумом пешқадам будан дар кумак ба мустамандон ва ниёзмандони ҷомеа дар роҳи ризоияти Худо буд ва аз ҳамин рӯ ба эшон лақаби "Карими аҳли байт" дода шудааст.
Ин маросим бо қироати Қуръон ва баргузории намози мағрибу ъишо ва сарфи ифтор ҳамроҳ буд.