Апрел 17, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон барои муҷозоти омилони даргирӣ дар марз бо Қирғизистон
    Дархости Тоҷикистон барои муҷозоти омилони даргирӣ дар марз бо Қирғизистон

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои қирғизистонияш аз Бишкек хост омилони даргирии ахир дар минтақаи марзиро муҷозот кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Руслон Қазоқбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон дар тамоси телефонӣ бо якдигар ҳодисаи 12 апрел, ки дар минатқаи Хестиварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон рухдодаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

  • Дар ин даргирӣ як марзбони тоҷикистонӣ кушта шуд. Сироҷиддин Муҳриддин дар ин тамоси телефонӣ тирандозии низомиёни қирғизистониро ба сӯи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон маҳкум кард ва хостори анҷоми таҳқиқоти бетарафона дар маврдиди ин ҳодиса ва муҳокимаи омилони он шуд.
  • Даргирии байни нерӯҳои марзбони Қирғизистон ва Тоҷикистон барои марзнишинони ду кишвар ба амри оддӣ табдил шуда аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон 976 километр марзи муштарак доранд ва ибҳом дар бораи марзҳои ду кишвар борҳо ба даргирӣ ва кушта ва захмӣ шудани нерӯҳои тоҷик ва қирғиз мунҷар шуда аст.

Пас аз ду даҳа музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизситон барои ҳалли ихтилофоти марзии ду кишвар то кунун танҳо 520 километр аз марзи ду кишвар аломатгузорӣ шуда аст.

Ихтилофоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз истиқлоли ин кишварҳо аз Шуравӣ оғоз шуд. Нишастҳои мухталиф байни ду кишвар дар ин замина баргузор шуд, аммо ин ихтилофот вуҷуд дорад.

 

Барчасп