Апрел 20, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва тиҷории Тоҷикистону Туркия

Ҳамоишҳои сармоягузориву тиҷории Тоҷикистон ва Туркия имсол баргузор мешаванд.

Ин матлаб дар мулоқоти Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Рафъат Ҳисорҷиклиуғлу, раиси Иттиҳоди утоқҳои бозаргонӣ ва саноеи Туркия эълом шуд.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди вазъияти кунунии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла гардиши тиҷорӣ, раванди ҷазби сармоягузории мустақими Туркия ба Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин тарафайн тавофуқ карданд, ки давраҳои омӯзишӣ дар заминаи табодули таҷрибиёти муртабит бо тавсеаи ниҳодӣ ва ташкили зерсохтҳои тиҷорати навин, ба вижа барои афзоиши зарфияти иттиҳодияҳову утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон баргузор кунанд.

Дар соли ҷорӣ ҳамоишҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кумаки тарафайн барои тавсеаи ҳамкориҳои бахши хусусии ду кишвар баргузор хоҳад шуд.