Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар нишасти “Тағйироти иқлим”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i84496-Ҳузури_намояндагони_Тоҷикистон_дар_нишасти_Тағйироти_иқлим
Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти намояндагони вазоратхонаҳои умури хориҷа ва парлумони Осиёи Марказӣ, дар мавриди тағйироти иқлим ширкат карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 20, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури намояндагони Тоҷикистон дар нишасти “Тағйироти иқлим”

Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти намояндагони вазоратхонаҳои умури хориҷа ва парлумони Осиёи Марказӣ, дар мавриди тағйироти иқлим ширкат карданд.

Ба гузориши “Ховар”, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раис Комиссияи зистмуҳитии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Фазлиддин Икромӣ, узви ин комиссия дар нишасти намояндагони вазоратхонаҳои умури хориҷа ва парлумони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон ширкат карданд.

Ҳадафи аслии нишасти намояндагони вазорати умури хориҷа ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули таҷрибаҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи тасвиби қонуни муҳити зист, беҳбудии қонунҳои иҷроии сиёсати иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 2000 ба ибтикори мақомоти Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатънома бо ҳадафи расидагӣ ба масоили марбут ба обу тағйироти иқлим тасвиб кардааст.