Афзоиши хатҳои ҳавопаймоӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i84528-Афзоиши_хатҳои_ҳавопаймоӣ_байни_Тоҷикистон_ва_Қазоқистон
Теъдоди парвози ҳавопаймоҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон афзоиш меёбад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 20, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши хатҳои ҳавопаймоӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон
    Афзоиши хатҳои ҳавопаймоӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Теъдоди парвози ҳавопаймоҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон афзоиш меёбад.

Қарор аст ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон Сомон Эйр аз 25 апрел теъдоди парвозҳои Душанбе-Алматоро аз 1 ба 2 парвоз афзоиш диҳад.

Эйростонаи Қазоқистон низ аз аввали май теъдоди парвозҳои Алмато ба Душанберо аз як ба се парвоз дар ҳафта ва аз аввали июн аз се то чор парвоз афзоиш хоҳад дод.

Парвозҳо бо риъояти илзомоти беҳдоштӣ анҷом хоҳад шуд.