Апрел 21, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи масъулони Барқи Тоҷик, Тоҷикистон фақат тирамоҳ ва зимистон ба Афғонистон барқ содир мекунад
    Ба гуфтаи масъулони Барқи Тоҷик, Тоҷикистон фақат тирамоҳ ва зимистон ба Афғонистон барқ содир мекунад

Тоҷикистон дар се моҳаи аввали имсол 7.3 миллион барқ содир кардаст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия- Плюс, ин мизон 15 дарсад ( 2.4 миллион доллар) камтар аз се моҳаи аввали соли 2021 аст. Дар ин муддат  ҳудуди 5.3 миллиард килават соат барқ дар Тоҷикистон тавлид шуда, ки 5.6 дарсад бештар аз се моҳаи аввали соли 2021 аст.

Ба гуфтаи масъулони Барқи Тоҷик, Тоҷикистон фақат тирамоҳ ва зимистон ба Афғонистон барқ содир мекунад.

Дар ин муддат Афғонистон рӯзона то 40 мегават барқ дарёфт хоҳад кард, ки ба гуфтаи мақомоти ширкати Барқи Тоҷик  бар таодули кулии таъмини барқ дар кишвар таъсир надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати Брешно Электрики Афғонистон 33 миллион доллар ба Тоҷикистон бадеҳкор аст . Бар асоси қарор додҳои имзо шуда, Тоҷикистон  мутааҳид шудааст, ки имсол 1.5 миллиард килават соат барқ ба Афғонистон ва 1.4 миллиард килават соат барқ ба Узбакистон содир кунад.

Бештар бихонед: 

 

Барчасп