Дубора интишор шудани номи диишиҳои Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ номи 29 шаҳрванди ин кишвар дар гурӯҳ террористии ДИИШ-ро бо аксҳояшон мунташир карда буд, ба ин феҳраст номи 10 нафари дигар, аз ҷумла сарҳанг Гулмурод Ҳалимовро замима кард.
Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 41-сола, фармондеҳи пешини нерӯҳои вижаи Вазорати умури Тоҷикистон ё ОМОН, ки акнун номи ӯ ба феҳрасти таҳти таъқиби мақомоти ин ҷумҳурӣ афзуда шудааст, авохири моҳи апрел соли 2015 нопадид шуда, авохири моҳи майи ҳамон сол он бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дода буд.
Ба гузориши сойти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо дубора интишор шудани номи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки узви гурӯҳи террористи ДИИШ ҳастанду таҳти пайгард қарор доранд, акнун шумори ин афрод ба 39 нафар расидааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки тасовири аъзои тоҷикистонии гурӯҳи террористии ДИИШ аз хонаводаҳои ин афрод гирифта шуда ва дар оянда низ исми дигаре аз аъзои тоҷикистонии ин гурӯҳи такфирӣ мунташир хоҳад шуд.
Дар ин феҳрасти 39-нафара номи панҷ зан низ ба чашм мехӯрад, ки ҳамроҳи шавҳаронашон ба узвияти ДИИШ даромада, ба Сурия рафтаанд. Ҳамчунин дар маҷмӯъ, 10 нафар аз аъзои тоҷикистонии гурӯҳи террористии ДИИШ аз сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд, ки ду нафари онон зан мебошанд. Ахиран, мақомоти амниятии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки 1100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 300 тани онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.