“Лидер” ба муҳоҷирон сабукӣ медиҳад
(last modified Sat, 26 Nov 2016 05:53:45 GMT )
Ноябр 26, 2016 10:53 Asia/Dushanbe
  • “Лидер” ба муҳоҷирон сабукӣ медиҳад

Шабакаи бонкии мавсум ба "Лидер" дар Русия ин имконро барои муҳоҷирони Тоҷикистон фароҳам кардааст, ки даромади худро бидуни пардохти кормузди бонкӣ ба кишваршон интиқол диҳанд.

Ба гузориши дафтари матбуотии шабакаи бонкии "Лидер", ин ниҳоди молӣ пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон пулҳои худро новобаста аз шакли асъор, русӣ ё  дигар арзҳои хориҷӣ бидуни пардохти кормузди бонкӣ ба кишваршон ирсол кунанд. Бар асоси ин гузориш, акнун заминаи ирсоли даромади муҳоҷирони 10 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон бидуни пардохти кормузд аз бонкҳои таҳти мудирияти шабакаи бонкии "Лидер" аз Русия фароҳам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия мизони коҳиши даромади муҳоҷирони тоҷик аз Русияро дар шаш моҳи нахусти имсол 14 дарсад унвон ва эълом кардааст, ки коргарони муҳоҷир тоҷик дар ин муддат ба кишваршон 598 миллион доллар ирсол кардаанд. Аммо Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст, маблағе, ки муҳоҷирони тоҷик ба кишваршон фиристодаанд, дар шаш моҳи нахусти соли 2016 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо радди омори Бонки марказии Русия ҳамон коҳиш 22-дарсадиеро, ки дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ба он ишора шудааст, таъйид мекунанд.

Бар асоси гузориши Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилии Русия, имсол ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ба кор машғул аст.