70 ҳазор рубл маъоши моҳиёнаи муъаллимон дар мактабҳои русизабони Тоҷикистон
-
70 ҳазор рубл маъоши моҳиёнаи муъаллимон дар мактабҳои русизабони Тоҷикистон
Мақомоти ҷумҳуриҳои худмухтори Доғистон дар шимоли Қафқоз эълом карданд, ки бар асоси озмуни муъалимони забони русӣ барои фаъолият дар мактабҳои русзабони Тоҷикистон баргузида хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник маъоши моҳиёнаи муъалимон дар мактабҳои русизабон дар Тоҷикистон 70 ҳазор рубли русӣ муъаян шуда аст, ки шохиси матлуб ба ҳисоб меояд.
Ин муъаллимон бояд дар 5 мактаби русӣ забон дар Тоҷикистон ҳар як ба зарфияти ҳазору 200 донишомӯз фаъолият кунанд.
Барномаи тадриси дар ин мактабҳо бар асоси стандартҳои русӣ хоҳад буд ва китоб ва василаҳои омӯзишӣ низ аз Маскав ирсол хоҳад шуд.
Ҳукумати Русия барои сохти ин мактабҳо 30 миллион доллар ихтисос дод. Ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кулоб ва Турсунзода дар ҳоли сохт мебошанд, ки аввали моҳи сентябри имсол оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳанд шуд.