Апрел 25, 2022 19:25 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон бар меҳвари густариши равобити дуҷониба
    Гуфтугуи раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон бар меҳвари густариши равобити дуҷониба

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар паёмҳое сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишварро табрик ва хостори беш аз пеши ҳамкориҳо шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ухнаагийн Хурэлсух, раиси Ҷумҳурии Муғулистон омада аст мояи хурсандӣ аст, дар се даҳаи гузашта ду кишвар бар асоси усули баробарӣ, дарки мутақобил, эътимод ва эҳтироми мутақобил ба сатҳи хубе аз равобити ҳамкорӣ даст ёфта ва имрӯз дар ҷиҳати иртиқои бештари онҳо талош мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ибрози  ҳимояти ин кишвар аз густариши равобити дӯстона ва мушорикати созанда бо Муғулистон дар заминаҳои мухталиф гуфт: Равобити байни ду кишвар аз тариқи талошҳои муштарак ва дастёбӣ ба сатҳи кайфии ҷадид ва муҳтавоӣ дар ростои манофеъи асосии мардуми Тоҷикистон ва Муғулистон идома хоҳад ёфт.

Раиси Ҷумҳурии Муғулистон низ дар паёми худ  бо табрики сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотики байни ин кишвар ва Тоҷикистон гуфт: Дар ростои ғанисозии бештари равобити байни ду кишвар бо муҳтавои воқеъӣ ҳамкорӣ хоҳем кард.

Раисони Муғулистон ва Тоҷикистон дар паёмҳои худ орзуи саломати, мувафақиятҳои бузург ва рифоҳ барои мардуми ду кишвар  карданд.

Равобити дипломатии байни Тоҷикистон ва Муғулистон апрели соли 1992 барқарор шуда аст.  

 

Барчасп