Размоиши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон
Размоиши пойгоҳи низомии 201 мустақар дар хоки Тоҷикистон оғоз шуд.
Ба гузориши Форс, бинобар суханони Евгений Ковылин, фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия размоиш то 30 апрел идома дорад ва дар он аз сомонаҳои ракетпартоби «Град», «Ураган» , пояҳои аслиҳаҳои худкашишии 152 милиметрии «Акация», хумпораҳо, танкҳои T - 72 , худравҳои ҷангии пиёданизоми BMP – 2 ва нафарбарҳои зиреҳии BTR - 82A истифода мешавад.
Вай афзуд, низомиён бояд маҳоратҳои ҳирфаии худро дар заминаҳои омӯзишӣ нишон диҳанду ҳамчунин тирандозӣ бо силоҳҳои сабк ва васоили нақлияи ҷангиро тамрин кунанд.
Ковылин хотирнишон кард, ягонҳои тӯпхонаӣ дар тамриноти тирандозӣ ва мудирияти оташ ширкат мекунанд.
Вай изҳор кард, фармондеҳони гурдонҳо ва воҳидҳои туфанги моторӣ дар давраи фармондеҳии тӯпхона, ягонҳои шиносоӣ, паҳподҳо ба унвони бахше аз маҷмуаҳои шиносоӣ ва оташ арзёбӣ мешаванд.
Тибқи қарордоде, ки дар октябри 2012 имзо шуд, поигоҳи 201 то соли 2042 дар Тоҷикистон мустақар хоҳад буд.