Густариши ҳамкориҳои омӯзишии Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Thu, 28 Apr 2022 14:33:38 GMT )
Апрел 28, 2022 19:33 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои омӯзишии Тоҷикистон ва Узбакистон
    Густариши ҳамкориҳои омӯзишии Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳамкориҳои омӯзишии Тоҷикистон ва Узбакистон тақвият мешавад.

Чорчуби барномаи густариши ҳамкориҳои омӯзишии Тоҷикистон ва Узбакистон тавофуқномаи ҳамкори миёни донишгоҳи давлатии Бобоҷон Ғафурови шарҳи Хуҷанд ва донишгоҳи забонҳои хориҷии Самарқанд имзо шуд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин тавофуқнома табодули устод ва донишҷу ва истифода аз таҷрубаҳои ин ду маркази омӯзишӣ дар назар аст.

Ҳамчунин фаъолияти шуъбаи донишгоҳи байналмиллалии ҷаҳонгардӣ ва хадамоти меҳмонхонадории Тоҷикистон пас аз 24 сол вақфа дубора дар ноҳияи Сариосиёи вилояти сурхони дар Узбакистон аз сар гирифта мешавад.

Аз сӯи дигар эълом шуд, ки дар донишгоҳи давлатии Бухоро шуъбаи омӯзиши забони тоҷики роҳандози хоҳад шуд.

Бар асоси санадҳои имзошудаи Тоҷикистон ва Узбакистон эълом карданд, ки мадорики донишомухтагони донишгоҳҳои ду кишвар аз эътибори яксон бархурдор шуд, ки хатмкунандагон метавонанд дар ихтисосҳои мавриди алоқаи хеш дар ҳар ду кишвар фаъолият кунанд.