Апрел 29, 2022 16:40 Asia/Dushanbe
  • Пӯиши футболи занони ФИФА дар Тоҷикистон

800 духтари навҷавони футболисти тоҷик дар пӯиши футболи занони ФИФА ширкат карданд.

Ба гузориши «Ховар», дар чорчӯби барномаи тавсеаи футболи занони ФИФА, Лигии футболи занони Тоҷикистон 8 ҷашнвораи футболро дар шаҳрҳову манотиқи кишвар баргузор кард.

Ҳамоиши ниҳоӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуд.

Пеш аз ин ҷашнвораҳои футбол дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ваҳдат ва ҳамчунин дар навоҳии Данғара, Вахш ва Носири Хусрав баргузор шуда буд.

Дар маҷмуъ 800 духтари 6 то 12 сола дар ҷашнвораҳо ширкат карданд.

Ҳадаф аз пӯиши футболи занони ФИФА тарвиҷи футболи занон дар Тоҷикистон, тағйири нигариш нисбат ба футболи занон ва ташвиқи духтарон ба бозии футбол аст.

 

Барчасп