Тамдиди муддати пазириши мадорики довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон
Муддати пазириши мадорики довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон тамдид карда шуд.
Ба гузориши Ховар, Абдулбосит Шодиниё аз масъулони Маркази миллии имтиҳоноти Тоҷикистон далели ин иқдомро зиёд будани теъдоди довталабон унвон кард.
Вай гуфт, ки то охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ 89 ҳазору 610 нафар барои вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон сабти ном кардаанд. Аксари довталабон барои вуруд ба риштаҳои пизишкӣ, молиёт ва ҳуқуқ мадорики худро таҳвили Маркази миллии имтиҳоноти Тоҷикистон додаанд. Чунончӣ барои як ҷо дар риштаи пизишкӣ дар донишгоҳи улӯмпизишкии Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе 553 нафар рақобат хоҳанд кард.
Озмӯни вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи июли соли ҷорӣ баргузор мегардад.