Апрел 30, 2022 20:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми 18 сол зиндон барои Амриддин Ҳаловатшоев дар Душанбе
    Ҳукми 18 сол зиндон барои Амриддин Ҳаловатшоев дар Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе Амриддин Ҳаловатшоев яке аз фаъолони ҷомеъаи маданӣ вилояти Бадахшонро ба иттиҳоми гаравгонгири ба 18 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик, нишасти ин додгоҳ дар боздоштгоҳи шумораи як Вазорати адлияи Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва бедуни ҳузури аъзои хонаводаи Ҳаловатшоев ба раёсати қози аз вилояти Бадахшон баргузор шуд, ки дар ниҳоят вай ба иттиҳоми гаравгонгири ба 18 сол зиндон маҳкум гардид.

Аммо наздикони Амриддини Ҳаловатшоев ин иттиҳомро беасос унвон карданд.

Гуфта мешавад, ки вай аз соли 2019 дар Русия дар ширкатҳои амнияти хусуси фаъолият мекард, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Додситони кулли Тоҷикистон аз боздошт ва истирдоди Ҳаловатшоев ба Дашанбе хабар дод.

Вай ба таври ҳамамон дар Русия дар фаъолиятҳои Созмони ҷавонони вилояти Бадахшон мушорикат дошта аст.

 

Барчасп