Тоҷикистон 3 деҳаи Афғонистонро бо барқ таъмин кард
(last modified Sat, 30 Apr 2022 15:59:24 GMT )
Апрел 30, 2022 20:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 3 деҳаи Афғонистонро бо барқ таъмин кард
    Тоҷикистон 3 деҳаи Афғонистонро бо барқ таъмин кард

Барои бори нахуст сокинони 3 деҳаи фармондори Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон бо барқи воридоти аз Тоҷикистон таъмин шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, пас аз пайвастани ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба шабаки саросари барқи ин кишвар акнун имкони истифодаи 350 хонаводаи афғонӣ аз барқи содироти фароҳам шуд.

Гуфта мешавад, ки ба наздики сокинони деҳаи дигар фармондории Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон низ аз неъмати барқи воридоти аз Тоҷикистон баҳраманд хоҳанд шуд.

Ба манзури интиқоли барқи Тоҷикистон ба вилояти Бадахшони Афғонистон хати интиқоли барқ ба тули нуздаҳуним километр бо насби 88 симчуби барқ ва бо нархи наздик ба 4 миллион евра сохта шуд.

Бар асоси қарордоди имзошуда, Тоҷикистон мутаъаҳид шуда аст, ки имсол 1.5 миллиард киловат соат барқ ба Афғонистон содир кунад.