Май 01, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон душанбеи дуввуми май иди саиди Фитр аст
    Дар Тоҷикистон душанбеи дуввуми май иди саиди Фитр аст

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон иди саиди Фитрро табрик гуфт.

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёме фарорасидани иди саиди Фитрро табрик гуфт ва барои мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон саломатӣ, шодӣ, саодату сулҳ ва оромиш орзӯ кард.

  • Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём аз мардуми Тоҷикистон даъват кард дар остонаи иди саиди Фитр ба дидори волидайн ва беморон раванд, барои даргузаштагон дуо ва ба ятимон ва фуқаро кумак кунанд.

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард мардуми кишвар бояд қадри неъмати истиқлолро  бидонанд.

Вай дар бахши дигаре аз паёмаш таъкид кард ҳадафи аслии ҳукумат тарбияти насли ҷавон ва таҳсил кардааст, ки бояд дар оянда заминаи рушд решрафт ва кишварро фароҳам кунад. 

Дар Тоҷикистон душанбеи дуввуми май иди саиди Фитр аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп