Табрики фаро расидани иди саиди Фитр
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбе 2 май соли 2022-ро ба унвони рӯзи иди саиди Фитр дар ин кишвар эълом карданд.
Дар иттилоъияи шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, тибқи муҳосибони инстути Ахтарфизики академияи миллии улум иди саиди Фитр дар ин кишвар рӯзи душанбе 2 май таҷлил мешавад.
Бар асоси тасмими Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба имомони масҷидҳо тавсия шуд, ки дар ин рӯз ба ниёзмандон кумак шавад ва аз ҳар гуна исроф пешгири шавад.
Замони баргузории намози иди саиди Фитр соати 6:00 субҳи душанбе 2 май мебошад.
Бар асоси қавонини Тоҷикистон дар мавриди идҳо ҳамасола рӯзи иди Фитр дар ин кишвар таътили расмӣ аст.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани иди шукронаи Рамазон, иди саиди Фитрро ба ҳамаи мусалмонон дар Тоҷикистон табрик мегӯяд.