То поёни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нархи обу барқ афзоиш намеёбад
Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон эълом кард, ки то охири соли ҷорӣ дар ин кишвар нархи обу барқ афзоиш намеёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, нархи кирояи ҳамлу нақл, дармон ва омӯзишӣ низ то охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон афзоиш нахоҳад ёфт.
Ҳадаф аз ҳифзи нархҳо дар хадамоти шаҳрӣ дар соли ҷорӣ пешгири аз таъсири авомили мухталиф аз ҷумла буҳрони Украина ва афзоиши нархи бархе колоҳо ва маҳсулот унвон мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон камисиони махсус барои баррасии афзоиши нархи барқи масрафи ташкил шуд, ки ҳукумати ин кишвар эълом кард дар ҳоли ҳозир нархи барқ дар ин кишвар тағир нахоҳад кард, ин дар ҳоле аст, ки дар 13 соли ахир нархи ҳар киловат соат барқ барои бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22.6 дирам дар соли 2019 расид.
Мақомоти ҳукумат далели афзоиши нархи барқ дар ин кишварро дархости ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва минтақаӣ унвон мекунанд, ки шарти ихтисоси қарзҳои ҷадид ба Тоҷикистон аст.