Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии озодии баён 10 зина беҳтар шуд
созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии баён дар соли 2022 дар тамом ҷаҳон нашр кардааст, ки Тоҷикистон ҷойгоҳи худро даҳ зина беҳтар карда, аз мақоми 162 – юм ба 152 расидааст.
Бар асоси гузориши ин созмон, Тоҷикистон ҳарчанд аз қатори давлатҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун омад, вале ҳамоно дар қатори кишварҳои вазъашон душвор қарор дорад.
Дар баробари Тоҷикистон, мавқеи Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон низ дар ин рӯйхат беҳтар шуда, Ӯзбекистон аз мақоми 157- уми соли гузашта ба зинаи 133 фаромадааст. Қазоқистон ҳам аз зинаи 155 соли гузашта ба мақоми 122 фаромадааст.
Ба навиштаи Хабарнигорони бидуни марз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон озодии баён беҳтар аст ва ин кишвар аз мақоми 79-уми соли гузашта ба зинаи 72-юм расидааст.