Май 04, 2022 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури варзишкорони бонувони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс
    Ҳузури варзишкорони бонувони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс

4 боксиёри зани тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, мусобиқоти бокси қаҳрамонии бонувони ҷаҳон аз 6 то 21 май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад.

Қарор аст 419 варзишкор аз 93 кишвар дар мусобиқоти Истанбул ширкат кунанд..

Бар асоси эъломи федератсияи бокси Тоҷикистон Сумая Қосимова дар вазни 48 килограм, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 килограм, Миҷгона Самадова дар вазни 57 килограм ва Шойра Зулқарнайнова дар вазни 63 килограм дар ин рақобатҳои ҳузур хоҳанд дошт.

Мусобиқаи ҷаҳонӣ дар 11 вазн баргузор мешавад.  

 

Барчасп