Тамоси телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i85262
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия дар тамоси телефонӣ густариши бештари ҳамкориҳҳои байни ду кишварро барраси карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Май 05, 2022 17:17 Asia/Dushanbe
  • Тамоси телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия
    Тамоси телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия дар тамоси телефонӣ густариши бештари ҳамкориҳҳои байни ду кишварро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Тайиб Ардуғон дар идомаи густариши ҳамкориҳои чандҷониба байни Тоҷкистон ва Туркия дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқаи ду тарафро барраси ва аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, фамниятӣ ва дигар заминаҳои ҳамкори ибрози ризоят карданд.

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия дар идома дар мавриди масоили муҳими дастури кори байналмиллалӣ ва минтақавӣ баҳсу табодули назар карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ин тамоси телефонӣ бо ишора ба аҳамияти идомаи гуфтугӯ барои тақвияти равобити ду ҷониба аз ҳамтои худ барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.