Рушди 43 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ
(last modified Fri, 06 May 2022 13:58:43 GMT )
Май 06, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Рушди 43 дарсадии тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ

Мизони тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар семоҳаи аввали имсол нисбат ба соли гузаштаи мелодӣ 43 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши гуруҳи байналмилали “Якто”, тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар семоҳаи аввали соли ҷории мелодӣ афзоиши чашмгире доштааст.

Бинобар омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорати куллии ин кишвар бо кишварҳои ИДМ тайи ин давра 901 миллион доллар баровард шудааст, ки муодили 53. 7 дарсад аз кулли гардиши тиҷории Тоҷикистон аст.

Рушди мусбати тиҷорат бо 6 кишвари ИДМ, аз ҷумла бо Туркманистон 4. 8 баробар, Русия 1. 7 баробар, Беларус 1. 7 баробар мушоҳида шудааст.

Гардиши молии ин кишвар бо Арманистон, Молдова, Украина ва Қирғизистон тайи ин давра манфӣ будааст.

Бар асоси додаҳои Агентии омори Тоҷикистон, Русия бо беш аз 364. 9 миллион доллар, Қазоқистон беш аз 353. 9 миллион доллар ва Узбакистон бо беш аз 132. 9 миллион доллар, аз ҷумла шуракои асосии тиҷории ин кишвар (аз миёни кишварҳои ИДМ) тайи ин давра ба шумор мераванд.

Ба таври куллӣ Тоҷикистон тайи ин давра ба ин кишварҳо ба маблағи беш аз 217. 7 миллион доллар содир ва беш аз 683. 3 миллион доллар ворид кардааст.