Май 07, 2022 10:22 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷии Русия ба Тоҷикистон

Вазири умури хориҷии Русия барои ширкат дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИДМ рӯзи 13 моҳи майи соли ҷорӣ вориди шаҳри Душанбе хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар ҳошияи ин нишаст бо раисиҷумҳурӣ ва ҳамтои тоҷикистонии хеш дидор ва равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ дар Душанбе роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамои муносиботи аъзо, мушорикат дар таъмини амнияти байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ  ва омӯзишӣ ва башардустона баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИДМ маъмулан соле ду бор баргузор мешавад, ки имсол дар Душанбе ва ҷаласаи баъдӣ дар Нурсултони Қазоқистон барномарезӣ шудааст.

 

Барчасп