Алоқамандии мақомоти Тоҷикистону Эрон барои тақвияти ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ
(last modified Sun, 08 May 2022 08:27:49 GMT )
Май 08, 2022 13:27 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии мақомоти Тоҷикистону Эрон барои тақвияти ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангӣ

Дар дидори сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бар алоқамандии ду тараф дар хусӯси тавсеаи ҳамкориҳои муштараки адабӣ ва фарҳангӣ таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон бо Низом Қосим-раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон заминаҳои тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд .
Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба иродаи мақомоти ду кишвар бар густариши равобити миёни ду миллати ҳамдин, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Эрону Тоҷикистон ва низ таҳаввулоти мусбат дар равобити миёни Теҳрон ва Душанбе,омодагии Ҷумҳурии исломии Эронро ҷиҳати тавсеаву тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии ду кишвар эълом кард .
Сафири Эрон тасреҳ кард : Иштирокоти фаровони ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ба вижа дар ҳавзаи фарҳангӣ зарфияти бисёр хубе барои густариши ҳамкориҳои мутақобил буда ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷиҳати таъмиқи муносиботи адабӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад .
Собирӣ дар бахши дигаре аз суханони худ сафари ҳайатҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ барои ширкат дар намоишгоҳҳои китоби Эрону Тоҷикистон ,дидор аз марокизи фарҳангӣ-ҳунарӣ ва торихии ду кишвар, баргузории муштараки намоишгоҳҳо бо ҳадафи муаррифии дастовардҳову фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ,ҳунарӣ, муаррифии осори мумтозу барҷастаи адабиёти тоҷику Эрон, таҷлил аз муносибатҳои миллии ду кишвар ва аз ҷумлаи баргузории рӯзҳои ҷаҳонии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣофиз ва Мавлавиро аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкорӣ дар тавсеаву тақвияти муносиботи фарҳангии ду кишвар баршумурд .
Дар ин дидор Низом Қосим ҳам зимни ибрози хушҳолӣ аз ҳузури сафири Эрон дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон изҳор кард : Ҷумҳурии исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки 1992 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар Душанбе доир кард .
Вай афзуд : Мо иштирокоти фарҳангии фаровоне дорем, ки метавонад барои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф асаргузор бошад .
Низом Қосим бо баёни инки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бо сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон равобити хубе доштааст, гуфт : Хостори тадовуми ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар мебошем .