Май 08, 2022 19:16 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи бо Афғонистон
    Омодабоши нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марзи бо Афғонистон

Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон аз омодабоши нерӯҳои марзбонии ин кишвар дар марзи бо Афғонистон дар пайи шилики чанд тир ба қаламрави Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дафтари матбуъотии ин кумита эълом кард, ки дар пайи даргирии неруҳои Толибон бо гуруҳи ДИИШ дар вилояти Тахори Афғонистон чанд тир ба дохили қаламрави Тоҷикистон шилик шуда аст, ки осибе надошта аст.

Толибон низ бо тайиди ин ҳодиса аз даргирии беш аз 1 соату 30 дақиқа бо аъзои гуруҳи террористии ДИИШ хабар дод, ки ба кушта шудани террористҳо мунҷар шуда аст.

Дар ҳоли ҳозир ин маврид аз сӯи Толибон дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад.

 

Барчасп