Май 09, 2022 15:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 44 дарсадии тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ 10799 тон гӯшти мурғ тавлид шудааст.

Бар асоси гузориши Агентии омори Тоҷикистон, дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ тавлиди гӯшти мурғ ба 10 ҳазору 799 тон расид, ки 44. 1 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.

Афзоиши тавлиди гӯшти мурғ дар минтақаи Суғд 1. 5 баробар (5098. 5 тон), минтақаи Хатлон 16. 8 дарсад (2599. 7 тон), Бадахшон 4. 8 дарсад (2. 2 тон) ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 1. 6 баробар (3098. 4 тон) буд.

Бар асоси омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, 181 коргоҳи мурғдорӣ дар кишвар фаъолият мекунад.