Таъкиди Бозор Собир ба ҳамкории Русия ва Тоҷикистон
Бозор Собир, шоири тоҷик гуфтааст, Тоҷикистон бояд ҳамеша ҳамкори Русия бошад.
Бозор Собир, ки солҳои зиёде муқими Амрико буда ва бо шароити кору фаъолият дар он ҷо ошност, дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Спутник” таъкид кардааст, муҳоҷирати корӣ барои тоҷикон ба Русия беҳтару роҳаттар аст, зеро дар даврони шӯравӣ тоҷикону русҳо ҳам аз лиҳози забон ва ҳам аз лиҳози равобити иҷтимоӣ ба ҳам наздик шуда буданд. Бозор Собир русиро яке аз забонҳои тоҷикон дониста афзуд, миллати рус ба миллати тоҷик наздик аст ва тоҷикону русҳо аз як реша ҳастанд. Ӯ нуфузи Чин дар Тоҷикистонро нуфузи иқтисодӣ арзёбӣ ва тасреҳ кард, чиниҳо то кунун ба тоҷикон таъсири фарҳангӣ надоштаанд.
Бозор собир, ки ақидаҳои зиддидинияшро пинҳон намекунад, ҳамчунин дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба муддаӣ шудааст, ки давлат бояд аз дин ҷудо бошад ва рӯҳонёнро набояд ба сиёсат роҳ дод. Ӯ иддао кардааст, амалкарди нодурусти рӯҳонён дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон аз авомили аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар буд.
Бозор Собир, шоир ва фаъоли сиёсии тоҷик, ки дар оғози даҳаи навади милодӣ дар сафи аввали ҳаракатҳои истиқлолхоҳии Тоҷикистон қарор дошт, дар солҳои ахир бо андешаҳои баҳсбарангезаш дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ӯ замоне ягона шоири тоҷике буд, ки дар васфи раҳбарони шӯравӣ шеър нагуфта буд, вале пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва ҳиҷрат ба Маскаву Америко бахши аъзами шеърҳояшро ба ситоиши Русия, Ленин, Сталин ва низоми Иттиҳоди Шӯравии собиқ ихтисос дод.