Май 10, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии тими миллии футоли навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии рушди Юфо
    Ноибқаҳрамонии тими миллии футоли навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии рушди Юфо

Тими миллии футболи навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Рушди Юфо мақоми дуввумро касб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон тими миллии зери 16 соли Тоҷикистон бо ҳидояти Зайнддин Раҳимов дар мусобиқоти байнламиллалии тавсеаи Юфо, ки дар Скопияи Мақдония шимоли баргузор шуд, дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифт.

Дар мусобиқоти Рушди Юфо, тими Тоҷикистон се бози анҷом дод.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов ҳарифони худро аз Ҳондурасро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст доданд ва аз тимҳои ҷавонони Мақдонияи шимолӣ 5 бар 4 дар зарбаҳои пинолти ва Косово 4 бар 3 бо зарбаҳои пинолти шикаст хурданд.

Дар ин рақобатҳо тими миллии зери 16 соли Косово бо касби 6 имтиёз қаҳрамони мусобиқот шуд ва тими навҷавонони Мақдонияи шимолӣ бо 4 имтиёз мақоми севвумро ба худ ихтисос дод.

 

Барчасп