Дидори кормандони сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе бо зиндониёни қиғизӣ
-
Дидори кормандони сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе бо зиндониёни қиғизӣ
Кормандони сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе бо сафар ба зиндонҳои пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон бо зиндониёни қирғизӣ, ки давраи маҳкумияти худро мегузаронанд дидор карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, дар ин се зиндони Тоҷикистон 4 шаҳрванди Қирғизистон давраи маҳкумияти худро сипари мекунанд.
Кормандони сафорати Қирғизистон дар Душанбе бо вазъи нигаҳдории шаҳрвандони кишвари хеш дар зиндонҳои Тоҷикистон ошно шуданд, ҳамчунин дар ҳузури онҳо заминаи гуфтугӯи телефонии ин зиндониён бо хонаводаҳояшон дар Қирғизистон аз тариқи иртиботи тасвирӣ фароҳам шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар зиндонҳои Қирғизистон бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд, ки мақомоти Душанбе теъдоди ин афродро эълом накарданд.
Теъдоди боздоштиҳои қирғизӣ ва тоҷик ба баҳонаи гузари ғайри қонуни аз марзи ду кишвар дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд пас аз даргирии хунини рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли 2021, ки сабаби кушта шудани 30 нафар аз ҳар ду тараф гардид афзоиш ёфта аст.