Тафоҳумномаи ҳамкории миёни донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва донишгоҳи миллии Тоҷикистон
(last modified Tue, 10 May 2022 14:34:27 GMT )
Май 10, 2022 19:34 Asia/Dushanbe
  • Тафоҳумномаи ҳамкории миёни донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва донишгоҳи миллии Тоҷикистон
    Тафоҳумномаи ҳамкории миёни донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тафоҳумномаи ҳамкори миёни донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва донишгоҳи миллии Тоҷикистон имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Муҳаммадалӣ Киёнӣ, раиси донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад бо ҳузур дар донишгоҳи миллии шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо кард.

Вай ҳамчунин бо ҳузур дар ҷамъи устодон ва донишҷуён бо ишора ба зарфиятҳо ва тавонмандиҳои донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад дар ҳавзаҳои мухталиф бар лузуми тақвияти иртибот байни ду кишвар таъкид кард ва афзуд: Ин донишгоҳ дар заминаҳои пизишкӣ, фановарӣ ва пазириши донишҷу пешрафтҳои бисёр чашмгири дар Эрон ва ҷаҳон дошта аст ва ин омодагиро дорад, ки таҷрубаҳои худро дар ихтиёри донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор диҳад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин ва муътабартарин донишгоҳи ин кишвар аст дар соли 1947 таъсис шуд ва ҳамакнун бо 15 донишкада ва 18 ҳазор донишҷу дар он дар ҳоли таҳсил ҳастанд.

Раиси донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ҳамчунин дар ин сафар аз бузургтарин бемористони Тоҷикистон боздид кард.

Дар ин боздид, ки бо ҳуҳури вазири тандурустии Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин муъовини пажуҳиш ва фановарии донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад анҷом шуд. Раиси донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад бо ҳузур дар бахшҳои мухталифи бемористон раванди дармони беморон, теъдоди коркунон, наҳваи қабули беморон, шаройт, имконот ва таҷҳизоти пизишкиро барраси ва арзёби кард.

Доктор Муҳаммадалӣ Киёнӣ гуфт: Ин бемористон муҷаҳаз ба бахшҳои дармонӣ, чун тасвирбардории ташхисӣ, ренген, сити эскан, эм эр ой ва онжугрофӣ аст, ки дар заминаҳои тахассусии дармон ва омӯзиши неруҳои мутахассис дархости кумак ва ҳамкории донишгоҳи улуми пизишкии Машҳадро дошта аст.