Мухолифати Тоҷикистон бо таътилии дафтари Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар Маскав
(last modified Wed, 11 May 2022 06:06:33 GMT )
Май 11, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Тоҷикистон бо таътилии дафтари Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар Маскав

Тоҷикистон бо таътилии дафтари Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар Маскав мухолифат кард.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Тоҷикистон дар нишасти бахши аврупоии Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ, ки мавзуи таътилии дафтари марказии ин созмон дар Русияро баррасӣ кард, бо қатъномаи пешниҳодӣ мухолифат кард.

Дар ин нишаст Тоҷикистон, Беларус ва Русия ба ин қатънома раъйи мухолиф ва Арманистону Қазоқистон раъйи бетараф доданд.

Аммо Украина, Туркия, Гурҷистон, Молдова ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз ин қатънома ҳимоят карданд.

Дар ин қатънома бар зарурати интиқоли дафтари Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар умури мубориза бо бемориҳои вогирдор аз Маскав ба кишвари дигар ва мамнуияти баргузории ҳар нишаст ва ҳамоишҳои Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар Русия таъкид шудааст.