Афзоиши қимати роҳкиро дар Хуҷанд
Май 11, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
Қимати хадамоти нақлиёти умумии мусофирбарӣ дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд дубора афзоиш ёфт.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомоти ширкати ҳамлунақли шаҳри Хуҷанд далели ин иқдомро афзоиши қимати сӯхт эълом карданд.
Қимати кирояи ҳар мусофир аз 2 сомонӣ ба 2 сомониву 50 дирам расидааст.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Хуҷанд 850 дастгоҳ минибуси дизелсӯз мусофиронро ҷо ба ҷо мекунанд.
Қимати ҳар литр дизел ва бензин дар шаҳри Хуҷанд байни 11 сомонӣ то 11 сомониву 80 дирам ва гази мойеъ 6 сомонӣ аст.