Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои идомаи сохти неругоҳи Роғун
(last modified Wed, 11 May 2022 14:45:48 GMT )
Май 11, 2022 19:45 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои идомаи сохти неругоҳи Роғун
    Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои идомаи сохти неругоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои идомаи сохти неругоҳи Роғун аз сармояи ниҳодҳои моллии байналмилллалӣ ва минтақвӣ истифода кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин мавзуъ ахиран дар дидори Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Иброҳим Шакари, мудири дафтари минтақавии Бонки Рушди Исломӣ мавриди барраси қарор гирифт.

Қаблан Шонӣ Компбел, намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки ин ниҳод ба сохти ин неругоҳ таваҷуҳ дорад, аммо чанд мавзуъи муҳим вуҷуд дорад, ки бояд Тоҷикистон ба ин пурсишҳо посух диҳад ҳарчанд, ки Бонки Рушди Осиё омода аст, ки барои фуруши бақри тавлидшуда дар ин неругоҳ ба Тоҷикистон кумак кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз будҷети давлат барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ хабар дода буд.

Аз соли 2008 то кунун барои идомаи сохти ин неругоҳ 37 миллиарду 700 миллион сомонӣ манобеъи моллӣ харҷ шуда аст.

Неругоҳи Роғун бо шаш турбин ва сади хокии 335 метри ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.