Май 13, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси Милии Тоҷикистон бо раиси ҷумҳурии Туркманистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар сафар ба Туркманистон, даъвати Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти ин кишвар расонд.

Ба гузориши “Спутник”, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе бо раиси ҷумҳурии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов дидор кард.

Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ дар оғози дидор бо Бердимуҳаммадов, ӯро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт ва ҳамчунин дуруд ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Тоҷикистонро ба ӯ расонд.

Гуфта мешавад, ки даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи раиси ҷумҳурии Туркманистон пазируфта шудааст.

Манбаъ меафзояд, дар мулоқот маҷмуи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

 

Барчасп