Эрон хостори коҳиши ташрифоти судури раводид аз сӯи Тоҷикистон шуд
(last modified Fri, 13 May 2022 14:43:20 GMT )
Май 13, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори коҳиши ташрифоти судури раводид аз сӯи Тоҷикистон шуд

Муовини консулӣ, маҷлис ва эрониёни Вазорати умури хориҷаи Эрон хостори равонсозӣ, ҳазфи восита ва коҳиши ташрифоти судури раводид аз сӯи Тоҷикистон шуд.

Панҷумин иҷлоси муштараки консулии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин иҷлос, ки Алиризо Бекдилӣ, муовини консулӣ, маҷлис ва эрониёни Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Шараф Шерализода, муовини иқтисодӣ ва консулии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва коршиносони консулии ду кишвар ҳузур доштанд.

Ду тараф дар бораи умури консулӣ, аз ҷумла равонсозии судури раводидҳои гардишгарӣ, бозаргонӣ ва сармоягузорӣ, ҳалли мушкилоти донишҷӯӣ, густариши ҳамкориҳои қазоӣ ва консулӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва ширкатҳои эронии фаъол дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар бораи муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ, қочоқи инсон ва мубориза бо терроризм ва ҳамчунин шаҳрвандӣ музокира карданд ва ба тавофуқ даст ёфтанд.

Тарафи тоҷикистонӣ эълом кард, бо поёни шароити коронаӣ ва одӣ шудани вазъияти тараддуд, судури раводиди электронӣ барои шаҳрвандони Эронро оғоз кардааст.

Тарафи эронӣ низ хостори равонсозӣ, ҳазфи восита ва коҳиши ташрифоти судури раводид шуд.

Ду тараф тавофуқ карданд дар чорчӯби гуфтугӯҳои консулӣ тарҳеро барои лағви раводиди гардишгарӣ байни ду кишвар ироа ва мавриди баррасӣ қарор диҳанд.