Май 13, 2022 19:54 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сеҷонибаи вузарои хориҷаи Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Тоҷикистон

Вузарои хориҷаи се кишвари Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Тоҷикистон гирдиҳам омаданд.

Ба гузориши “Анадолу”, Сергей Лавров, Ҷайҳун Боиромов ва Арарат Мирзоён, вазирони умури хориҷаи Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон нишасти сеҷонибае дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон тартиб доданд.

Лавров дар ин нишаст эълом кард, ки мехоҳем Қафқози Ҷанубиро ба минтақаи сулҳ, тавсеаи пойдор ва рифоҳ табдил кунем.

Вазири хориҷаи Русия дар ин нишаст бо баёни ин ки дар ҳоли талош барои ҳалли мушкилоти марбут ба марзҳои минтақа, барқарории муҷаддади равобити иқтисодӣ ва ҳамлунақлӣ ҳастем, хотирнишон кард: Саъй мекунем шароити лозимро барои одисозии комили равобити Озарбойҷон ва Арманистон ба таври куллӣ эҷод шавад.

Лавров зимни, истиқбол аз ибтикороти Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон гуфт: Умедворем музокирот босамар бошад. Бори дигар таъкид мекунем, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурӣ, давлат ва Вазорати хориҷаи Русия омодаи ироаи ҳимояти ҳамаҷониба дар ин замина ҳастанд.

 

Барчасп