Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Сенати Қазоқистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо раиси маҷлиси Сенати Ҷумҳурии Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон раиси Сенати ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро, ки бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкидкард, ки рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо буда, ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд.
Аз робитаҳои ду кишвар, бахусус муколамаи боэътимоди сатҳи олии сиёсӣ ва ҳамкории созанда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардиданд.
Зикр гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии кишвари мо буда, гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар самти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоти минтақавию байналмилалӣ масъалаи таъмини амният дар минтақа баррасӣ гардида, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Сенати Қазоқистон, ки ба Душанбе сафар кардааст, бо раисони маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони ин кишвар низ дидору гуфтугу кард.