Май 14, 2022 09:28 Asia/Dushanbe
  • Сӯҳбати телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба дар суҳбати телефонӣ бо роҳбари Русия ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва вазъи марзро баррасӣ кардааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни суҳбат вазъи ташвишовари Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.

Ҳамчунин роҳбарони ду кишвар атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Ба навиштаи манбаъ,“Дар робита ба ин ҷонибҳо бар аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният таъкид карданд”.

Ёдрас менамоем, ки дар ин авохир ноамниҳое дар мантақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки аз тарафи расонаҳо ва коршиносон шарҳу тафсили мухталиф доштаанд.

Барчасп