Май 14, 2022 17:33 Asia/Dushanbe
  • Омодагӣ ба баргузории чорумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
    Омодагӣ ба баргузории чорумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Вазирони умури хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ омодагӣ ба баргузории чорумин нишасти сарони кишварҳои минтақа дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар соли ҷориро мавриди барраси қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин нишаст, ки ба раёсати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор гардид роҷеъ ба дастури кори иҷлоси сарон дар Душанбе баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки қарор аст дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе аҳдномаи дустӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории кишварҳои минтақа барои қарни 21 барраси ва имзо гардад.

Нишастҳои қабли машвартии сарони ин кишварҳо дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон баргузор шуда буд.

 

Барчасп