Май 18, 2022 13:54 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 200 мошини боркаши Тоҷикистон дар Афғонистон

200 комюни Тоҷикистон дар Афғонистон боздошт шудааст.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Толибон бо бастани гузаргоҳи марзии бандари Шерхон муҷаввизи бозгашти ин комюнҳоро ба Тоҷикистон намедиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон бо таъйиди баста шудани ин гузаргоҳи марзӣ ҳанӯз дар бораи иллати тавқифи комюнҳо дар Афғонистон тавзеҳ надодаанд.

Аммо Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, Тоҷикистон ба афғонҳо муҷаввизи рафтуомад намедиҳад, аз ин рӯ то замоне, ки миёни ду кишвар равобити дӯстона бар асоси эътимоди мутақобил барқарор нашшавад, гузаргоҳи марзии бандари Шерхон баста боқӣ хоҳад монд.

Тоҷикистон ба Афғонистон семент ва ангишт содир ва аз ин кишвар қанд ва шакару маҳсулоти кишоварзӣ ворид мекунад.

 

Барчасп