Май 18, 2022 14:47 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Ба ояндаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Эрон хушбинам

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ба ояндаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон назари нек дорам ва умедворам мубодилоти фарҳангӣ миёни мо аз ин ҳам бештар шавад.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳангоми боздид аз сивусавумин Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон гуфт, робитаи фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи бисёр хуб ва матлубе қарор дорад. Робитаи фарҳангӣ тақвияти бахши равобит дар ҳавзаҳои дигар аст. Барои ин ки дар ин ҳавза дастовардҳое дошта бошем, муштаракоти зиёде байни ду миллат дорем ва ин муштаракот воқеан бистари бисёр муносибе барои тақвияти робитаи фарҳангӣ байни Эрон ва Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, дар Намоишгоҳи бузурги Китоби Теҳрон як ҳайати тоҷикистонӣ шомили 25 нафар намояндаи ниҳодҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла ноширон ҳузур доранд ва ин худ далели тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвар аст ва умедворем ин гуна иқдомот дар оянда низ идома пайдо кунад.

Зоҳидӣ идома дод: Муҳите, ки имрӯз дар Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд дорад, барои рушди фарҳангу тавсеаи муровидоти фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя хеле мусоид аст. Мо имрӯз дар намоишгоҳ шоҳиди ҳузури ноширон аз бисёре аз кишварҳои дунё ҳастем. Ҳайати тоҷикистонӣ китобҳои зиёде ҳамроҳи худ овардааст ва худи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин ҷо ғурфае дар ҳадди тавону иститоати худ фароҳам намуда ва ба ин тартиб мо ҳам дар ин бозори муровидоти фарҳангӣ саҳим ҳастем.

Вай дар идома бо баёни ин ки нависандагону шоирони гузашта мафохири фарҳангии муштараки мо тоҷикон ва эрониён ҳастанд, изҳор дошт: Ин рӯзҳо адабиёти муосири Эрон дар Тоҷикистон ва адабиёти муосири Тоҷикистон дар Эрон матраҳ аст. Ахиран дар ҳамин росто як китоби бисёр хуб бо номи “Шеъри нағз” мунташир кардем, ки дар он ашъоре аз шоирони муосири Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон гирдоварӣ шудааст.

Зоҳидӣ дар идома Нимо Юшиҷро шоири маҳбуби эронии худ муаррифӣ кард ва гуфт: Нимо Юшиҷ, Суҳроби Сипеҳрӣ ва Нодири Нодирпур дар Тоҷикистон матраҳ ҳастанд, аммо муттаассифона осори адибони Тоҷикистон дар Эрон камтар матраҳ аст ва иншоаллоҳ бистари лозим барои ин масъала фароҳам хоҳад шуд.

 

Барчасп