Май 18, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати тоҷикистонӣ дар Эрон барои баррасии санади барномаи иҷрои гардишгарӣ

Муовини аввали раиси Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон дар садри ҳайате барои баррасии санади барномаи иҷрои гардишгарӣ ба Эрон сафар кард.

Ҳабибуллоҳ Амирбекзода, муовини аввали раиси кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон ба ҳамроҳи мутахассиси аршад аз идораи равобити хориҷаи дастгоҳи иҷрои раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси идораи равобити байналмилалии вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон барои баррасии санади барномаи иҷрои гардишгарӣ вориди Теҳрон шуданд. Қарор аст, дар сафари ояндаи Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, санади барномаи иҷрои гардишгарӣ ба имзои раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарӣ ва Саидиззатуллоҳи Зарғомӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон бирасад.

Ҳамзамон бо баррасии санади барномаи иҷрои гардишгарӣ ба имзои раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии Эрону Тоҷикистон, сӯратҷаласаи нахустини Кумитаи фаннии муштараки гардишгарии ду кишвар бо ҳузури бахши хусӯсии Эрон ва ҳайате, ки аз Тоҷикистон ба Эрон омадаанд, таҳия шуд ва ба имзои муовини аввали раиси Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон ва Алиасғари Шолбофиён, муовини гардишгарии вазорати мероси фарҳангӣ имзо шуд.

Ҳайати тоҷикистонӣ рӯзи гузашта (сешанбе) аз Кохи Саъдобод ва Мӯзейи миллӣ боздид карданд ва қарор аст ба Машҳад ва Нишобур дар шимоли шарқи Эрон, сафар ва аз оромгоҳи Фирдавсӣ ва Хайём боздид кунанд.