9 кушта ва 24 захмӣ дар даргириҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон
(last modified Wed, 18 May 2022 12:58:56 GMT )
Май 18, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • 9 кушта ва 24 захмӣ дар даргириҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нооромиҳои ахир дар ноҳияи Рӯшонро шарҳ додааст, ки бар асари он, 9 нафар ҳалоку 24 нафар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши сомонаи  Sputnik, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазия аз он оғоз шудааст, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи сарҳадиро бастанд.

Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.

"Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.

ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардаст манбаъ.

Вобаста ба қазияи мазкур аз ҷониби прокуратураи вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВУД мегӯяд, айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.

Ин ниҳод эълон кардаст, ки ҳоло ҳам имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудан мавҷуд аст ва фардо дер мешавад.