Ибрози нигаронии Вазорати хориҷаи Русия аз увзоъи вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Русия аз увзоъи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз РИА Новости Мария Захорова дар нишасти хабари эълом кард Русия аз ҳаводиси рӯзҳои ахир дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон нигарон аст.
- Вай таъкид кард мақомоти тоҷикистон ваъда доданд назм ва амният дар ин минтақаро фароҳам кунанд то афроди ғайри низомӣ аз ҷумла ба атбоӣ Русия осебе нарасад.
Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани 8 нафар аз аъзои як гурӯҳи созмон ёфтаи ҷиноӣ ва як афсари полис ва захми шудани 24 тан аз дутарафи даргирии чаҳоршанбе 18-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти бадахшон хабар дод.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар пайи ин амалиёт 70 нафар аъзои ин гурӯҳ боздошт шудаанд ва увзоъ ба ҳолати оддӣ баргаштааст.
Бештар бихонед:
- 9 кушта ва 24 захмӣ дар даргириҳои ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон
-
Баста шудани роҳи Душанбе ва Бадахшон бар асари ҷорӣ шудани сел