Май 19, 2022 16:17 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номҳои бозикунони даъватшуда ба тими миллии футболи Тоҷикистон

Федерасиюни футболи Тоҷикистони номҳои бозикунони даъватшуда ба тим(даста)и миллиро эълом кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Питр Сгирт-сармураббии хорвати тими миллии футболи Тоҷикистони 26 футболистро ба урдуи Дубай даъват кард . Тибқи эъломи Федерасиюни футболи Тоҷикистон, 13 нафар аз онҳо дар Булғористон, Беларус, Қазоқистон, Эрон, Узбекистон, Филиппининд, Бангладеш ва Туркия ба сар мебаранд. 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба тими миллӣ даъват шудаанд .
Даъват шудагон қарор аст 19 май ба Амороти муттаҳидаи арабӣ сафар кунанд. Ҳамчунин қарор аст тими футболи Тоҷикистон барои баргузории се дидор дар гуруҳи F муқаддамотии ҷоми миллатҳои Осиё 2023 ба Бишкек сафар кунад . Тими миллии футболи Тоҷикистони 8 июн ба масофи Мянма хоҳад рафт, 11 июн дар муқобили Сингапур ба майдон меравад ва 14 июн низ бояд дар муқобили Сингапур бозӣ кунад.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба ин тартиб аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров («Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқи-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

 

Барчасп