Май 22, 2022 10:49 Asia/Dushanbe
  • Воридоти таксиҳои барқӣ ба шаҳри Душанбе

Мудири ширкати " Як таксӣ " дар шаҳри Душанбе аз воридоти 100 таксии барқӣ то охири соли ҷорӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Рустам Сарбоззода гуфт : Акнун 20 адад аз ин таксиҳо дар шаҳри Душанбе тараддуд мекунанд.
Вай афзуд : То поёни соли ҷорӣ 100 тои дигар вориди бахши ҳамлу нақли шаҳрӣ хоҳад шуд .
Мудири ширкати " Як таксӣ " дар шаҳри Душанбе мулоҳизоти зистуҳитӣ ва афзоиши бесобиқаи нархи бензин ва солярка  дар кишварро далели муҳими воридоти худравҳои барқӣ унвон кард .
Ба гуфтаи вай таксиҳои барқӣ метавонанд бо як мартаба захирасозии барқ ба маблағи 10 сомонӣ то 410 километр роҳро тай кунанд .

 

Барчасп