Надоштани сомонаи интерентӣ монеъи ҷиддӣ барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон
(last modified Sun, 22 May 2022 06:08:19 GMT )
Май 22, 2022 11:08 Asia/Dushanbe
  • Надоштани сомонаи интерентӣ монеъи ҷиддӣ барои содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Муовини мудири Агентии давлатии содироти Тоҷикистон гуфт : Набуди сомонаи интерентӣ аз монеъаҳои муҳими содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Баҳодур Раҳимзода гуфт : Шумори зиёде аз ширкатҳои Тоҷикистон, ки ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғул ҳастанд, сомонаи интерентӣ надоранд то барои муштариёни хориҷӣ маҳсулоти худро таблиғ ва муаррифӣ кунанд.
Ӯ афзуд : Аз ин рӯ муштариён наметавонанд дар бораи навъу сифати маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ ёбанд.
Муовини мудири Агентии давлатии содироти Тоҷикистон изҳор кард,ки ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ барои таблиғ ва муаррифии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон барномае вуҷуд надорад.