Ноябр 27, 2016 11:43 Asia/Dushanbe
  • Солона дар Тоҷикистон наздик ба 400 зан даст ба худкушӣ мезананд

Бар асоси омори созмонҳои мудофеи ҳуқуқ, солона дар Тоҷикистон наздик ба 400 зан даст ба худкушӣ мезананд, ки дар ин кишвар шохиси боло ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши сойти Топтҷ, танҳо тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, 160 зан даст ба худкушӣ задаанд, ки далели ин иқдом нобасомониҳои иҷтимоӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ унвон мешавад.

Аз сӯи дигар аз ибтидои соли 2016 дар вилояти Суғд, 200 маврид ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон сабт шудааст, ки аз ин миён 90 нафар занон ва духтарони ҷавон мебошанд. Аз дидгоҳи аксари коршиносон иллатҳои асосии боло будани омори худкушӣ ба вижа дар миёни занон, дар Тоҷикистон рафтани мардон ба унвони коргари муҳоҷир ба Русия, ки боригарони зиндагӣ ва заҳмати тарбияти фарзандонро ба дӯши занон мегузорад, авзои нобасомони маишатии афрод, хушунатҳои хонаводагӣ ва авзои номусоиди руҳӣ ва равонии занон ва духтарон мебошад.

Аммо хонум Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Созмони ғайридавлатии "занони дорои таҳсилоти донишгоҳӣ" дар Тоҷикистон муътақид аст, ки мавзуи ривоҷи худкушӣ дар миёни занон, ки акнун ба як мушкили иҷтимоӣ табдил шуда, ҳанӯз ҳам мавриди баррасии ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Вай таъкид мекунад, ки бояд иллатҳо ва авомили ин падидаи ногувори иҷтимоӣ аз нигоҳи илмӣ ва равоншиносӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирад, ки танҳо дар ин сурат метавон барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаи нангин тадбирандешӣ кард.