Май 23, 2022 12:40 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Рӯзи Ҷавонон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидани Рӯзи Ҷавононро табрик гуфт.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём гуфт, ҷавонон қишри ояндасози Тоҷикистон ҳастанд, ки бояд дар сарнавишту пешрафти кишвар нақши муҳиме ифо кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи паёми худ гуфтааст: Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони тоҷик дар марокизи донишгоҳии дохилӣ ва хориҷӣ машғули фарогирии улум ва фанновариҳои ҷадид ҳастанд, пажӯҳишҳои илмии муфид анҷом медиҳанд, забонҳои хориҷӣ меомӯзанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба шароити печидаи ҷаҳони муосир ва афзоиши таҳдидҳову хатарҳои ҷадид, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таблиғи фарҳангҳои бегона, аз ҷавонони кишвар дархост кард, ки аз арзишҳои миллии мардуми хеш дифоъ кунанд.

Дар Тоҷикистон 23 май Рӯзи Ҷавонон номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп